Намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ”

Рӯзи 03.11.2022, соати 9:30 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” намоиш ва конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ташкилкунандагони чорабинӣ: Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошанд.

Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ мусаввараҳо, нигораҳо аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, аксҳои таърихӣ, китобу маҷаллаҳо пешниҳод шуданд, ки ҳамагӣ аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дошта, аз раванди Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ ва хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисса мекунанд.

Намоиш аз гӯшаи аксҳои таърихӣ оғоз мегардад, ки дар аксҳо раванди иҷлосия аз ҷониби суратгир Бобоҷонов И.М. аксбардорӣ шудаанд. Сипас нигораҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI-уми Шўрои Олӣ, аз ҷумла нахустин Парчами давлатӣ, ки 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ қабул ва тасдиқ гардид ва онро Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигарон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯса карданд, ҳамчун ашёи нодири таърихӣ ба намоиш бароварда шудааст. Ҳамзамон дар намоиш асарҳои офаридаи рассомон Ҷураев Ғ. “Савганди ҷовидонӣ”, Рабиев О. “Сулҳ – мақсади асосӣ!”, Ғаюров Б. “Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ғаюров К. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Абдуқодиров М., Раҳимов Р. “Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, Фозилов Р. “Дуои модар” ва “Президент” пешниҳод шудаанд.

Дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ конференсия баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, аъзоёни Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, олимону муҳаққиқон андешаҳои худро дар мавзуи “Нақши Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ” иброз намуданд.

Намоиши ҷашнӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди “Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Осорхонаи миллӣ то санаи 30.11.2022 идома меёбад.