Ифтитоҳи имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” дар Осорхонаи миллӣ
Рӯзи 15 апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи он мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Панҷшанбезода, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин ва мудири кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Асозода Сабзаалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
“Тахти сангин” ёдгории арзишмандест, ки ба давраҳои Ҳахоманишиҳо, Мақдуниҳо ва Кушониён (асрҳои V то мелод ва II мелодӣ) тааллуқ дошта, бозёфтҳои нодири он бо номи “Хазинаи Амударё” то ба имрӯз мавриди омӯзишу таҳқиқи олимони ҷаҳон қарор доранд.
Ёдгории мазкур дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ворид гардидан ба Феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод гардида, моҳи ноябри соли 2021 номинаи Тоҷикистон оид ба 2500-солагии шаҳраки қадимаи “Тахти сангин” ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои таҷлил дар солҳои 2022-2023 ворид карда шуд.
Дар робита ба ин, дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” бо фарогирии як давраи муҳими таърихи халқи тоҷик омода гардид. Қабл аз ифтитоҳи намоиш, бо иштироки ҳунармандони касбии кишвар саҳначаи театркунонидашуда саршор аз як саҳифаи таърихи ин ёдгорӣ ба намоиш гузошта шуд, ки аз ҷониби меҳмонон ба хубӣ пазируфта шуд. Пас аз он имитатсияи “Тахти сангин”, ки дар сатҳи баланд омода гардидааст, расман ифтитоҳ гардид.
Ифтитоҳи имитатсияи ёдгории “Тахти сангин” дар Осорхонаи миллӣ як заминаи муосид барои шинос шудани қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар бо таърихи куҳани хеш мебошад. Ҳамчунин он имкон медиҳад, то меҳмонону сайёҳони хориҷӣ аз саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ бештар воқиф гарданд.