“Хати ҳаёт” зери чунин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ гардид
Рӯзи 04.01.2023 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” бахшида ба 90-солагии Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1967), Рассоми халқии Тоҷикистон (1987) Ҳабибуллоев Зуҳур Нурҷонович таҳти унвони “Хати ҳаёт” намоиш ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Ҷурахонзода Сироҷиддин, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳамидова Наргис, раиси Фонди “Айнӣ” Эраҷ Айнӣ, намояндагони Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Фонди бадеӣ, устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов, инчунин дигар рассомону дизайнерон ва ҳаводорони ҳунари рассомӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Рассом Ҳабибуллоев З. Н. соли 1932 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи Омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва Омӯзишгоњи рассомии ба номи В. И. Мухини шаҳри Ленинград мебошад. Ҳабибуллоев З. Н. бо офариниши асарҳои пурмазмуни худ, ки фарогирӣ зебоӣ, шукӯҳу шаҳомат ва аслияти таърихӣ мебошанд ба наслҳои оянда мероси пурарзиши санъати тасвирии тоҷикро боқӣ гузоштааст.
Дар намоиш 25 адад мусаввараҳои рассом аз фонди Осорхонаи миллӣ аз қабили “Модар”, “Ба чарогоҳи баҳорӣ”, “Нидои табиат”, “Ҷамъоварии пахта”, “Дар заводи арзиз”, “Натурморт”, “Дӯстони ман аз Қабодиён” ва инчунин офаридаҳои шогирдони рассом Баҳром Исматов “Оҳанги шарқ”, “Нони гарми танӯрӣ”, Эраҷ Олимов “Хоҳарон”, “Нурҳои тиллоӣ”, Беҳрӯз Забиров “Тобистон”, “Бозори кӯҳна”, Рӯзибоев Р. “Бузкашӣ”, “Фаровонӣ” ва дигар мусаввараҳо, ки фарогири мавзуъҳои гуногун мебошанд, пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки муҳаққиқони соҳа Зуҳур Ҳабибуллоевро яке аз аввалинҳое медонанд, ки аз чорчӯбаи муқаррар намудаи санъати шӯравӣ берун рафта, санъати тасвирии тоҷикро бо забони дигар, ранги нав ва ҷилои тоза ба тамошобин пешкаш намудааст. Ба қавли онҳо, бори аввал маҳз бо қалами Зуҳур Ҳабибуллоев санъати тасвирии тоҷик “ба сухан” даромад.
Намоиши “Хати ҳаёт” то рӯзи 01.02 .2023 идома меёбад.