РАССОМОНИ ТОҶИК

Санъати рассомӣ – таърихи тулонӣ дошта, намунаҳои ибтидоии он ба давраи палеолит мансубанд. Дар ин давра хокҳои сурх, зард, сафед, ҷигарӣ, лахчаи чӯб ҳамчун ранг истифода шуда, тавассути ангуштон ё порчаҳои муина лаҳзаҳои шикор, ҳайвоноти ҷудогона ва ғайраро тасвир мекарданд. Дар нимаи дуюми қарни гузашта ба рушду нумӯи санъати тасвирии Тоҷикистон аҳамияти хоса дода шуд. Дар инкишофи санъати тасвирии Тоҷикистон ва тарбияи мусаввирон саҳми рассомони рус назаррас мебошад. Илова бар ин таъсисёбии Осорхонаи санъати тасвирӣ дар шаҳри Душанбе ба инкишофи санъати тасвирӣ мусоидат менамояд. Чунончӣ 5 майи соли 1947 дар шаҳри Душанбе чунин осорхона таъсис ёфт ва он соли 1959 ба Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣмуттаҳид шуд. 27 ноябри соли 1999 ба осорхона мақоми миллӣ дода шуд. Мақсад аз ташкили Осорхонаи санъати тасвирӣ ин ҷамъоварӣ, ҳифз ва пешкаши умум намудани асарҳои мусаввирони Тоҷикистон буд.  Махсусан шумораи рассомони касбӣ бештар гардид. Мусаввирони Тоҷикистон дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ асарҳо офаридаанд, ки бештари асарҳои онҳо дар хазинаи Осорхонаи миллӣ маҳфуз мебошанд. Асосгузорони мактаби рассомии имрӯзаи тоҷик П. Фалбов, Е. Бурцев, И. Ершов, А. Ашуров, дертар М. Хошмуҳаммедов ва дигарон мебошанд, ки дар ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ фаъолият намуда, санъати тасвири касбии Тоҷикистонро муаррифӣ кардаанд. Намунаҳои санъати тасвирӣ   манзаракашӣ, чеҳранигорӣ, этюд, қаламкашӣ, театрӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, кундал ва ғайраҳоро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки дар фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 3 ҳазор мусаввара дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.