Давлати сомониен

Ин толор ба аввалин давлати мутамаркази тољикон давлати Сомониён бахшида шудааст. Намоиши толор аз харитаи давлати Сомониён оѓоз меёбад.  

Давлати Сомониён аз ду сарзамин Хуросон ва Мовароуннањр, ки онњоро аз њам дарёи Аму (Љайњун) људо мекард,  иборат буда, њудудњои он ќисмати шимолу шарќии Эрон, Афѓонистон ва Осиёи Миёна (Тољикистон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон ва як қисмати Ќазокистон)-ро дарбар мегирифт. Бузургтарин марказњои илмиву фарњагии давлати Сомониён инҳо Бухоро, Самарќанд, Марв, Нишопур, Балх, Њирот, Њулбук ва ѓ. ба њисоб мерафтанд. Пойтахти давлат дар замони Наср ибн Ањмад (874-892) Самарќанд ва аз соли 892 шањри Бухоро буд.

Сомониён номи худро аз номи дењаи Сомони музофоти Балх гирифтаанд. Сомонхудот сарсулолаи Сомониён буда, дудмонаш аз Бањроми Чўбинаи Сосонї (лашкаркаши маъруфи сосонї соли ваф. тақр. 592) ибтидо меёбад. Аслу насаби Сомониён ба шакли мухтасар дар “Таърихи Бухоро”-и Муҳаммад Наршахї чунин аст: Сомонхудот ибни Љусмон ибни Туѓмос ибни Навсард ибни Бањроми Чўбина.   Ў бо Асад ибни Абдуллоњ – волии Хуросон дўстӣ дошт ва аз рўи эњтироми дўстї писари худро Асад ном мегузорад ва Асадро чор писар буд: Нуњ, Ањмад, Яњё ва Илёс. Халифа ал-Маъмун таќрибан солњои 818-820 Хуросонро ба Ѓассон ибн Аббод дод. Пеш аз ба Баѓдод рафтанаш дар хусуси писарони Асад ба Ѓассон супориш дод, ки ба онњо дар Мовароуннањр мансаб бидињад. Волии Хуросон Ѓассон ибн Аббод Нуњро дар Самарќанд, Ањмадро дар Фарѓона, Яњёро дар Чоч ва Устурушана, Илёсро дар Њирот њоким таъин намуд. Бародари аз њама калон Нуњ (819-842), маќоми махсусе дошт. Дар робитаҳои беруна аз номи хонавода баромад мекард. Пас аз вафоти Нуњ бародари ў Ањмад (842-874), сардори ин сулола гардид.  Ў дар ваќти зиндагиаш њукмронии Самарќандро ба писари худ Наср (874-892) супорид, ки вай баъди вафоти падараш дар соли 874 ба тахти амирї дар Самарќанд ва атрофи он нишаста, сардори сулолаи Сомониён гардид. Наср бародараш Исмоилро, ки дар хизмати ў ќарор дошт, соли 874ќоиммаќом (волї)-и Бухоро таъин кард.  Дар соли – 892, пас аз вафоти Наср, -Исмоил ибн Ањмад (с.њ. 892 – 907) ба тахти салтанат нишаст ва худи њамон сол пойтахтро аз Самарќанд ба Бухоро кӯчонд. Замони њукмронии Сомониёнро давраи тиллоии халќи тољик мегўянд, чунки дар ин давра илму фарњанг, санъати тасвирї, меъморї, шањрсозї, сангтарошї, заргарї, шишагарӣрушд намуд. Ин давлат дар замони њукмронии Исмоили Сомонї хеле пеш рафта, (њудудњои худро дар шимол то љануби Ќазоќистон дар ҷануб то ба ҷануби Эрон бурда расонид.)   мањз дар њамин давра аввалин давлати мутамаркази тољикон ба вуљуд омад. Бояд зикр намуд, ки дар ќаламрави ин давлат дини Ислом љорї буд.

Замони аморати Насри II (914-943) бењтарин давраи Сомониён ё ба таъбири дигар «асри тиллоии» ин хонадон ба њисоб меравад. Лаќаби ў амири «саъид» буд. Барои оромиву суббот ва тараќќии давлати сомонї дар ањди Насри II наќши вазири ў Абўабдуллоњ Љайњонї (914-921) хеле калон буд. Ўро барои хидматњояш дар дарбори сомонї бо лаќаби «шайх-ул амид» ёдовар мешуданд. Мањз хирадмандиву кордонии ин вазир буд, ки аморати Насри хурдсол чунин шукуфо гардад.  Абулфазли Балъамї (921-937) дигар аз вазирони Наср ба њисоб мерафт ва дар ањди вазорати ў дарбори Сомониён ба маркази љамъомади олимону шоирон мубаддал гардид. Абулфазли Балъамї њомиву пуштибони Рўдакї дар дарбор буд. Ў пас аз фурў нишондани ошўбњои зиддидавлатї дар масъалањои сиёсиву фарњангї чораандешї кард, ки аз љумлаи он тарљумаи «Калила ва Димна» аз арабї ба форсии дарї буд. Ањли дарбор Балъамиро бо унвонњои «Балъамии кабир», «Мир Абулфазл», «Шайхи љалил» ва ѓайра хитоб мекарданд.

Дар замони салтанати Насри ІІ Сомонї дар атрофи Регистони Бухоро дањ бинои олї барои девонњо сохта буданд. Девонњо аз дањ идораи марказї иборат буда, аз рўи вазифањои худ ба соњањои гуногун таќсим мешуданд. Яъне вазифаи вазоратҳои имрӯзаро иҷро менамуданд:

Девонњо

1.Девони вазир ё Ҳоҷиби бузург – асоситарин идораи марказї њисоб мешуд ва дар тамоми муасисањои маъмурї, сиёсї ва иќтисодии давлат назорат менамуд. Ба ин девон сардорони њамаи девонњои дигар итоат мекарданд. Ба мансаби сардори ин девон, яъне ба вазифаи вазирї ё њољиби бузург, одатан яке аз намояндагони се хонавода: Љайњонї, Балъамї ва Утбї таъин мешуданд(Абӯабдуллоҳ Муҳаммад бинни Аҳмади Љайњонї (солҳои вазирӣ914 – 918), Абулфазл Муҳаммад ибни Убайдуллоҳ Балъамӣ (918 – 938) ҳар дудар замони Насри ІІ ибни Ањмад (914 – 943)  ва Абулҳусайни Утбӣ вазири Нўњи ІІ ибни Мансури І (976 – 997)).

2.Девони муставфї – њамаи корњои молиявї, яъне харљу дахли мамлакатро пеш мебурд.

3.Девони амид-ул-мулк – муносибатњои дипломатиро бо дигар давлатњо идора мекард.

4.Девони соњиб-уш-шурот гвардияи Сомониёнро дар ихтиёри худ нигоњ медошт, ба озуќа, моњона ва нигоњубини лашкар назорат менамуд.

5.Девони соњиб-ул-барид(сардори почта) вазифаи хатбариро адо мекарданд, дар бораи њокимон ва маъмурини мањаллии давлатї ва рафтори онњо хабарњои махфиро њам ба марказ расонида меистоданд, яъне вазифаи маъмурони «мањкамаи сиёњ» – ро низ ба љо меоварданд. Фаќат ба эњтиёљи давлат хидмат менамуд ва барои ањолї дастрас набуд.

6.Девони мўњтасиб ба бозор, тарозў, молњои фурушии барзгарон ва пешаварон назорат мекард ва ба ахлоќи мардум, масљидравї ва истеъмоли машрубот низ назорат мекардагї шуд. Шањре набуд, ки мўњтасиб худро надошта бошад.

7.Девони мушриф – корњои давлатї, хусусан харљу дахли хазинаро назорат мекард.

8.Мулкњои давлатї.

9.Девони ќозї.

10.Девони ваќф (девони диннї).

Баъди вафоти Наср давлати Сомониён оҳистаоҳиста рӯ ба таназзулмениҳад. Писари ӯ Нўњ нисбат ба гузаштагон бештар ба умури лашкар ањамияти медод, ки ин сабаби зиёд гаштани молиёт ва норозигии мардум шуд. Тадбири дигари Нўњ он буд, ки наќши рўњониёни иртиљоиро боло бурд ва ин ду унсур (лашкариён ва рўњониёни иртиљої) сабабгори заволи тадриљии Сомониён шуданд… Дар даврони ҳукумати охирин намояндагони ин хонадонсаркардањои турк амири сомониро ба бозичаи дасти худ ќарор додаанд ва амири нотавони сомонї њам ба њамаи хостањои онњо розї гашта, ба онњо мулку лаќаб мебахшид. Фоиќ ва Бектузун январи соли 999 дар Сарахс амир Мансури II-ро дастгир карда, нобино сохтанд ва бародараш Абдумаликро ба амирї нишониданд. Барои Мањмуд бањонаи муносиб пеш омад, то даст ба амалиёти љиддї занад. Ў Бектузунро шикаст дода, ба шањрњои муњими Хуросон соњиб гашт ва аз тирагии муносибати Сомониён бо дастгоњи хилофати аббосї истифода бурда, ба номи худ ва халифа Ќодир хутба хонд ва амири Хуросон гардид.  Илекхони ќарахонї њам моњи октябри соли 999 бо бањонаи њимояти хонадони сомонї вориди Бухоро гашта, амир ва тамоми намояндагони сомониро дастгир карда, дар шањри Узганд њабс кард. Бо њуљуми дубораи Ќарахониён Бухоро суќут кард ва салтанати Сомониён хотима ёфт.

Бо суќути дубораи Бухоро ба дасти Ќарохониён бисоти давлати сомонї барои њамешагї аз сањифањои таърих барчида шуд. Аммо яке аз намояндагони ин хонадон Абўиброњим Исмоил ибни Нўњ аз зиндони Узганд фирор карда, дар атрофии худ лашкаре љамъоварї кард ва пас аз талоши зиёд соли 1000 –ум њатто Бухороро фатњ кард ва пас аз пирўзї лаќаби «Мунтасир» (фотењ)-ро гирифта, дар таърих бо њамин ном маъруф гардид. Аммо ин амири ноком низ барои эњёи давлати аз даст рафтаи тољикон иштибоњи пешгузаштагонашро такрор карда, саранљом дар соли 1005 пас аз сарсониву ранљи зиёд кушта шуд ва офтоби толеи Сомониён барои њамеша завол ёфт.

Мувофиќи гуфтаи Наршахї Абуиброњим Исмоил ибни Нуњи Мунтасирро аъзои ќабилаи бани Бањиљ – Абуабдуллоњи Моњруй, ки дар Маймурѓ зиндагї мекарданд ва зархариди Султон Мањмуди Ѓазнавї буд, соли 1005 бо дасти ба қатл мерасонад.

Шаљараи хонадони Сомониён

Мењмонони азиз барои бозњам љолибтар гардидани сайри мо дар толори мазкур шаљараи хонадони Сомониён пешнињод гардидааст.

Чуноне ки дар боло зикр намудем, шаҷараи ин хонавода аз Сомонхудот шуруъ шуда, то охирон намояндаи он Исмоили Мунтасир (999- 1005) бо солњои њукмрониашон нишон дода шудаанд.

Сомонхудот(Аркак)

Асад ибни Сомон

Нўњ ибни Асад (819-842),

Ањмад ибни Асад (842-874),

Насри І ибни Ањмад (аз соли 874-892 амири Мовароуннањр),

Исмоил ибни Ањмад (849-907), аз 874 волии Бухоро, аз 892 амири Мовароуннањр ва аз соли 900 амири Мовароуннањр ва Хуросон),

Ањмад ибни Исмоил (907-914),

Насри ІІ ибни Ањмад (914 – 943) дар сини 8 солагї амир шуд,

Нўњи І ибни Насри ІІ (943-954),

Абдулмалики І ибни Нўњи І (954-961),

Насри ІІІ (961) як рўз,

Мансури І ибни Нўњи І (961 – 976),

Нўњи ІІ ибни Мансури І (976 – 997),

Мансури ІІ ибни Нўњи ІІ (997-999),

Бародари Мансур-Абдумалики ІІ ибни Нўњи ІІ (999),

Абуиброњим Исмоил ибн Нуњ (Мунтасир) (1000 – 1005).

Ќасри Њулбук

Бояд гуфт, ки яке аз ёдгориҳои машњури асрҳои IX-X, яъне замони Сомониён ќасри Њулбук ба шумор меравад, ки он дар яке аз шохањои љанубии Шоњроњи Абрешим љойгир буд. Шаҳри Њулбук дар асри IX – X пойтахти Хатлонзамин буда, дар он њунармандони соњањои гуногун ба мисли кулолгарон, сангтарошон, гаљкорон ва заргарон кору фаъолият менамуданд. Аввалин ковишњои бостоншиносї дар ќасри Њулбук аз соли 1953 бо роњбарии бостоншиноси машњури рус Б.А.Литвинский ва Е.А.Давидович оѓоз гашта, то соли 1991 бо роњбарии Э. Ѓуломова идома дошт. Ковишњои бостоншиносї дар замони соњибистиќлолї то ба имрўз бо роњбарии А. Хољаев идома доранд. Дар натиљаи њафриётњои бостоншиносї аз њудуди ќасри Њулбук ашёи зиёди гаљї, сафолї, фулузӣ ва шишагї бозёфт гардиданд. ки ќисмате аз онњо дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар бисёре аз бозёфтњои ќаср ба монанди бухурдон (барои дуд намудани испанд), ќолаби зарфсозї бо тасвири шер мушоњида мегардад ва ин нишона аз шоњони Хатлонзамин будааст. Далели гуфтањои боло ин аст, ки муаррихон Њулбукро пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин ва њокимони Хатлонро шерони хатлонї мегуфтанд. Инчунин,аз њудуди ќасри Њулбук хумдони шишапазї пайдо шудааст. Дар асрњои IX-X маснуоти шишагї асосан аз шишаи беранг тайёр карда мешуданд, вале маснуоте низ ба даст омадаанд, ки аз шишаи гуногунранг омода карда шудаанд. Маљмўи зарфњои мањсули дасти шишагарони Њулбук бозёфтшуда аз кўзањои њафтранги нафиси булўрї, машрабњо, атрдонњо ва дигар намуди зарфњои шишагї иборат буданд. Бозёфтњои дигар ба мислилаълии сирдор, кӯзаи сафолї ва косањои сафолии катибадор мебошанд, ки дар акс косаи дуюм мушоњида мегардад. Косаи мазкур соли 2003 аз Њулбук бозёф гардида, дар лаби он бо хати арабї «Ал-њадду мин аломат-ил-фуќди», яъне «Хашм (асабоният) нишони бохтан аст» навишта шудааст. Дастањои калид дар шакли парранда, ќолаби сангї, муњрањо ва лулаи сафолї низ бозёфтҳои ҷолиби ин ёдгорианд.

Дар қисмати марказӣ амсилаи қасри Ҳулбук гузошта шудааст, ки дар дењаи Мењрободи ноњияи Восеъи вилояти Хатлон љойгир буда, дар асрњои IX-X  пойтахти Хатлон ба њисоб мерафт. Шањри Њулбук дар гузашта зиёда аз 280 гектарро ташкил намуда, масоњати умуии он аз 2 га зиёд буд, ки аз даромадгоњ рў ба љануб, деворњои баланди мудофиавї ва дидбонгоњњо иборат аст. Дар дохили ќасри Њулбук  шабакаи васеиобтаъминкунии  ќубурї ва гармидињии зерифаршї вуљуд дошт. Ҳавзи калони об дар маркази шаҳристон воқеъ буд, ки ба воситаи ќубурҳои обгузар қасрро бо об таъмин менамуд. Дар ин ҷо шумо қубури обгузарониро мебинед, ки аз Ҳулбук аст. Ҳамзамон, намунаи либоси занонаи Ҳулбук дар намоиш аст, ки дар асрҳои IX-X онҳо ҳамин гуна либосро ба бар мекарданд.

Дар ин витрина намунаи гаљпорањо ба намоиш гузошта шудаанд, ки бо њаргуна ороишоти њандасиву наботї, тасвири махлуќот ва тасвири свастика оро дода шудаанд. Ин гаљпорањо аз ёдгории Сайёди ноњияи Мир Сайид Алии Њамадонї бозёфт шудаанд. Ба монанди инњо, даҳњо порањои хурду калони гаљ, ки аз ин макон бозёфт гардидаанд аз њунари волои њунармандони ин замон яъне асрҳои IX-X  шањодат медињанд. Дар баробари гачпораҳо дар қисмати поён дегдончаи интиқолиро мебинед, кидар он аломати свастика мушоҳида мегардад. Маврид ба зикр аст, ки ин аломат рамзи қадимаи ориёиҳо мебошад.

                  Зарфњои сафолии асрњои IX-X

Яке аз навъҳои тараққикардаи ҳунармандӣ дар асрҳои IX-X  кулолгарӣба шумор мерафт.

Кулолгарӣ яке аз њунарњои ќадимаи халќи тољик буда, дар замони салтанати Сомониён ба ављи шукуфоии худ мерасад. Зарфњои сафолии ин давра нињоят гуногун буда, аз хумњои калон то пиёлачаву табаќчањо сохта мешуд. Хусусияти асосии фарќкунандаи санъати кулолии ин давра аз даврањои пешин дар он аст, ки истењсоли зарфњои сирдор (луъоб) ба вуљуд омад. Кулолгарони асрњои IХ-Х навъњои гуногуни сирро тайёр карда метавонистанд. Барои ранга намудани сир ба миќдори муайян ќалъагї њамроњ карда, онро «рангдор» мекарданд, яъне сир одатан сабзтоб ё ширатоб мешуд. Дар асрњои IХ-Х зарфњои наќшини сирдор хеле гуногун буда, тайёр кардани ин гуна зарфњо санъату мањорати баландро таќозо дошт. Аввал худи зарфро дар чархи кулолї месохтанд ва баъди хушконидан рӯи онро барои наќш тайёр намуда, сипас ба рӯи он ангоб мемолиданд. Ангоб лойобаи махсус мебошад, ки аз хоки нињоят мањини бехташуда, бо усули махсус тайёр мекарданд ва одатан ба он ранге меомехтанд. Пас аз ин бори дигар зарфи ангобандударо хушконида, баъд ба рӯи он гул мепартофтанд, наќш мекашиданд ва нињоятан ба хумдон андохта мепухтанд. Ҳамин ки пухт, баъди хушк шудан ба рӯи зарф сир медавониданд ва бори дувум мепухтанд.

Талаботи мардум низ ба зарфњои сирдор хеле зиёд буд. Кулолгарони асрњои IX-X аз рангњои сабзи тунд, ќирмизї ва нахудї, навъњои гуногуни сирро тайёр намуда, њаргуна зарфњо ба монанди кузачањои хурди гарданкутоњу дастадор, шоњкосањо, офтобањо ва ѓ. месохтанд. Бузургтарин марказњое, ки чунин зарфњои сафолии сирдорро сохта ба љањониён муаррифї менамуданд, Нишопур ва Самарќанд ба њисоб мерафт.

Яке аз роњњои дигари ороиши зарфњои рўзгори ин давра катибањо ба њисоб мерафтанд. Катиба навиштаљотеро гуянд, ки бо њуруфоти арабї, форсї, юнонї ва дигар намуди хатњо болои гил, санг, чуб ва ѓ. китобат шуда бошад. Зарфњои сафолии замони салтанати Сомониён аз ин њунар бархурдор буда, дорои навиштаљоти арабї буданд. Катибањо асосан бо хати зебову мушкилхон дар лаби пиёлаву коса, табаќ ё худ дар мобайни зарф навишта мешуданд. Мазмуну муњтавои катибањо одатан панду андарзњо, ривоёту зарбулмасалњо ва каломи бузургони ањли илму адаб буданд, ки анъанаи хоси худро дошт. Дар ин гӯша бошад намунаи зарфњои сафолии сирдор ва ангобӣба монандӣ: чарғҳо, табақҳо, офтоба ва гулдонҳоро мебинед, ки болои зарфњо сир давонда шуда, инчунин дорои катибањо мебошанд, нишон дода шудаанд. Ашёи мазкур мансуб ба асрҳои IХ-ХI буда, аз Ҳулбук, Бунҷикат, Ёвон ва дигар ҳудудҳои имрӯзаи Тоҷикистон ба даст омадаанд. Дар баробари онҳозарфҳои ангобии асрҳои Х-ХI ба мисли куза, обдон ва намунаҳои дигареро мебинед, ки аз ҳунари волои кулолгарони ин давра гувоҳӣ медиҳанд. Намунае аз зарфњои сафолини сирдори гушаи «Зарфњои сафолии сирдор ва ангобии замони Сомониён»-и Осорхонаи миллии Тољикистон  “Табаќи сирдори мунаќќаш” мебошад, Дар дохили табаќ бо ранги сабз тасвири наботот ва гулу буттањо инъикос ёфтааст. Эњтимолан чунин табаќњои бузургро барои хӯрдани таом истифода мебурданд.  Ашёи мазкур мансуб ба асрњои IX-X буда, аз њунари волои кулолони ин давра гувоњї медињад.

Намунаи дигари зарфњои сафолии замони Сомониён “Обрези андомдор” аст. Дар обрез нақши махлуқи сепойяи афсонавӣ бо бадани парранда ва сари ӽайвони номаълуме мушоњида мегардад, ки диќќати бинандаро ба худ љалб месозад. Њамчунин аз ќисмати пеш муӽри бо секунҷаӽои дар мобайн нуқтадор акс ёфта ва як хати ба боло майлнамуда мушоњида мегардад. Қанотӽои  бо ӽамворӣ нишондодашуда, ки дар онӽо муњри дохилаш бо ситорачаӽои бисёрҷило ва бо нуқтачаӽо нақш ёфтаанд, аз љолибиятњои дигари зарф мазкур мебошанд. Дар китфонаш муӽри дигаре, ки бо ранги сафеди сабзчатоб дида мешавад, дар худ тасвири ӽилолро дорад. Сараш доирашакл буда, оби зарф аз даӽон ва чашмони ин обрез рехта мешуд. Дастаки ин ашё аз гардан то ба қисми думаш пайваст карда шуда, дар ќисми дастак сурохие љой дода шудааст, ки ба обрез об пур мекарданд. Нигораи мазкур мансуби асри X буда, аз Қалъаи Қаӽқаӽаи III бозёфт шудааст.

Мењроби Искодар

Дар даврони салтанати Сомониён дар баробари ҳунарҳои гаҷкорӣ, шишагарӣ, сафолгарӣ инчунин ҳунари кандакории рӯи чӯб низ мавқеи хосса дошт, ки намунаи онро метавонем, дар мисоли Меҳроби чубии Искодар мушоҳида намоем.    Мењроби Искодар бузургтарин мењроби чўбини олам буда, мансуби асрњои X-XI  мебошад. Барои он Мењроби Искодар меноманд, ки мардумшиноси машњури рус профессор М.С. Андреев соли 1925 аз дењаи Искодари ноњияи Айнӣ бозёфт намуд. Мењробро соли 1946 корманди осорхонаи ба номи К. Бењзод кишваршиноси шинохта В. Челитко таввасути аѓбаи Анзоб ба шањри Душанбе меорад ва аз њамон ваќт то имрӯз дар намоиш гузошта шудааст. Мењроби мазкурро олимони шинохта В. Челитко, Ю. Яқубов, В.Л. Воронина О.И. Смирнова ва С. Хмелнитский мавриди тањќиќ ќарор додаанд. Катибаи куфии онро соли 2000 бори аввал корманди осорхонаи миллӣ А. Шарипов хонда тарљума кард, ки матни тоҷикии ончунин аст: “Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Гуфта буд пайѓамбари мо дуруд ба ў. Касе њифз кард сафи пеш ва такбири аввалро, Аллоњ бар ў подоше медињад, ки чашме надидааст, гуше нашунидааст ва диле гумонбар нашудааст. Агар њамаи бањрњои замину осмон рангу дарахтон ќалам ва фариштагон нависанда шаванд, ќодир намешаванд, ки савоби онро бинависанд”.

Меҳроби Искодар аз чўби дарахти тўс бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст. Њаљми он 327х180 см буда, аз се ќисми асосї – пештоќ, лавњаи мураббаъ ва њошияи мунаќќаши тасвири моњидор иборат аст. Тамоми пештоќ бо наќши љолиби исломию њандасї оро дода шудааст. Дар лавњаи чоркунљашакли дарозрўяи дохили пештоќ дар баробари наќшњои наботї наќшҳои њандасии монанд ба чилипо (свастика) баръало намоён аст. Сарсутунњои дохилии пештоќ бо усули тоисломї сохта шудаанд ва дар ќисми берунии онњо низ свастика хуб намоён аст. Бояд гуфт ки Меҳроби Искодар аз ҳунари волои меъморӣ, махсусан кандакории болои чӯб, дар замони Сомониён гувоҳӣ медиҳад.

Мақбараи Сомониён

Мақбараи Сомониён яке аз бошукуњтарин бинои бостонї дар Осиёи Марказї ба шумор меравад, ки то замони мо омада расидааст ва бо як санъати баланди меъморї зиннат дода шудааст. Ин маќбара ё оромгоњи асосгузори аввалин давлати мутамаркази тољикон давлати Сомониён амир Исмоили Сомонї мебошад, ки дар маркази шањри Бухоро воќеъ гардидааст.

Маќбараи мазкур ба шакли чањоргўша ё чањоркунља сохта шудааст, ки масоњати умумии он 10х10 метри мураббаъро дарбар мегирад. Ќисмати болоии маќбара аз гунбади нимкураи мудаввар ва чањор гунбадчаи хурд иборат мебошад, ки ин сабки гунбадсозї ба оташкадањои Сосонї шабоњат дорад. Инчунин маќбара аз чањор тараф даромадгоњ дошта, дар як шакл сохта шудаанд. Ваќте, ки аз дур ба маќбара менигарї ба монанди «сабади бофта» менамояд. Ин гувоњи њунари волои њунармандони ин давра аст.

Масолењи асосии сохтмони биноро хишти пухта(ољур) ташкил медињад. Хиштњои бинои оромгоњ бо бофти махсус ва бо тарзи гуногун чида шудаанд, ки басо љолиб ва дар айни њол хеле зебо ва шинам њастанд.

Дар сохтмони бино меъморон аз шеваи меъмории «хуросонї-розї» истифода кардаанд, ки ин сохти меъморї биноро њусни дигар бахшида, ин намуди хишткорињоро метавон «осорхонаи хишткорї» номид.

Дохили бинои оромгоњ низ ба мисли беруни он бо хиштњои зариф ва шаклњои њандасї ороста шудааст. Дар ќисмати болоии саќфи бино бошад, њавокашњои табиї сохта шудааст, ки бевосита тавассути он сурохињо њавои табиї ва равшании офтоб ба дохили бино нур мепошад.

Маќбараи мазкур гарчи бинои на онќадар бузург аст, аммо содагї ва мавзун будани њар як љузъи он њамчун њунари фавќуллода дар зумраи дигар шоњкорињои замон ќарор гирифтааст.

То чанд дањаи охир ќисмати зиёди оромгоњ дар зери хок ќарор дошт ва ба њамин далел бо гузашти замон оромгоњ на чандон осеби љиддї дидааст. Имрўз тамоми он аз хок берун бароварда шудааст.

Эњтимол меравад, ки маќбара на танњо барои худи Исмоили Сомонї, балки барои чанд тан аз салотини хонадони Сомониён бино шудааст. Маќбара дар солњои 914-943 сохта шуда, аз лињози таърихї ва ќадимї чорумин маќбараи исломї ва кўњантарин оромгоњ дар таърих шинохта шудаст.                  

Бинои асосии мақбара дар боғи фароғатии Исмоили Сомонии шаҳриБухоро ҷойгир аст. Сарсутунҳои чубии бо тасвири парранда дар ду тарафи мақбара қарор дошта аз Оббурдони н.Масчоҳ бадаст омадаанд, ки дар маҷмуъифодагари ҳунари меъмории халқи тоҷик ҳастанд.

Мусаввараи “Мурољиатномаи Исмоили Сомонї ба љанговаронаш”

Олимону донишмандони зиёде роҷеъ ба асосгузори аввалин давлати мутамаркази тољикон давлати Сомониён амир Исмоили Сомонї асарҳо офаридаанд. Аз ҷумлаи чунин ашхос яке аз асосгузорони мактаби муосири санъати рассомї дар Тољикистон Камелин Авксентий Никанорович (1910-1978) мебошад.

Яке аз офаридаҳои Камелин А.Н. дар соли 1978 “Мурољиатномаи Исмоили Сомонї ба сарбозонаш” мебошад, ки дар ин асар симои Исмоили Сомонї тољикона кашида шудааст. Атрофи ӯро лашкари зиёд иҳота кардаанд. Аз симову ишорањои  аскарон бармеояд, ки онњо низ бо тайёрии  хуб ба љанг омода гардидаанд.

Рассом тавонистааст, ки Исмоили Сомониро амири одилу марди майдон, дар сар кулоҳ, ба тан либоси ҳарбӣ ва дар дасти рост шамшеру дар дасти чап бо сипар тасвир намояд. Мазмуни асосии асари “Мурољиати Исмоили Сомонї ба ҷанговаронаш” дар ишораи Исмоил бо дасти рост, ки шамшерро  доштааст, мушоҳида мегардад. Яъне амир лашкари худро барои ҳифзи марзу буми давлат даъват намуда истодааст. Дар ин лаҳзаи тасвири офаридаи Камелин А.Н. ҷанговарон дар даст силоҳу дирафшҳои ҷангӣ чун лашкари ҳақиқӣ ба фармони амири худ таваҷҷуҳ намудаанд.

Ҷанговарон ба маҳорату заковати лашкаркашӣ ва ҷавонмардии Исмоили Сомонӣ аз рӯзҳои аввали амирӣ бовар дошатанду ҳамеша дар ҳама кор ба ӯсодиқ буданд.

Фарњанг  дар замони Сомониён

Замони давлатдории Сомониёнро давраи тиллоӣ мегуфтаанд, зеро маҳздар ҳамин давра илму фарҳанг рушди бесобиқа касб намуд ва асарҳои зиёде азтарафи донишмандони тоҷик бо забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ рӯи кор омаданд.Яке аз донишмандони бузурги асрҳои IХХ Хоҷа Машҳад мебошад, кишогирдони зиёдеро таълиму тарбият додааст.

Мадрасаи  Хоља  Машњад

Маќбараи Хоља Машњад – ин ёдгории таърихї дар дењаи Саёди ноњияи Шањритус љойгир буда, дар асри IX сохта шудааст. Маќбара аз ду бинои бузурги гумбазшакле, ки  онхоро як пешайвони баланд бо хам  мепайвандад, иборат аст. Ин ёдгории таърихї аз асри IX то асри XII хамчун мадраса хизмат карда, баъд аз истилохи муѓулњо ќисман хароб ва  ба маќбара табдил ёфтааст. Дар он Хоља Машњад ва 54 – нафар аз пайвандони ў ба хок супурда шудаанд. Хоља Машњад донишманд, олим, исломшинос ва меъмор  будааст, ки бо ташабусаш, мадрасаи мазкур бунёд гардида, дар он љавонони зиёд таълим мегирифтаанд. Аз љумла шоири классики форсу тољик Носири Хусрави Ќубодиёнї дастпарвари њамин мадраса будааст.

Дар ќисмати миёнаљои толор амсилаи мадраса  ва  маќбараи Хоља  Машњад ба намоиш гузошта шудааст, ки дар  дењаи  Сайёди ноњияи  Шањритус  љой гирифта, аз ду бинои мураббаъ иборат мебошад, саќфи  биноњо гунбазї  буда, дар  ќисми  болоии онњо равзанањо љой гирифтаанд. Мадрасаи Хоља Машњад ба ќарнњои X-XII мелодї  мансуб  мебошад, ки ба  он дар асрњои XI-XII маќбара њамроњ карда шудааст. Ин ёдгории таърихї аз асри X то асри XII хамчун мадраса хизмат карда, баъд аз истилоҳи муѓулњо ќисман хароб ва  ба маќбара табдил ёфтааст. Дар он Хоља Машњад ва 54 – нафар аз пайвандони ў ба хок супурда шудаанд. Хоља Машњад донишманд, олим, исломшинос ва меъмор  будааст, ки бо ташабусаш, мадрасаи мазкур бунёд гардида, дар он љавонони зиёд таълим мегирифтаанд. Аз љумла шоири классики форсу тољик Носири Хусрави Ќубодиёнї дастпарвари њамин мадраса будааст.

Мадрасаи Хоља Машњад ягона мадрасаест, ки аз асрњои X-XI (давраи Сомониён) то замони  мо боќї мондааст. Дар воқеъ асрњои IX-Х дар таърихи тараќќиёти илму адабиёти классикии тољику форс яке аз муњимтарин даврањо ба шумор меравад. Дар ин давра асосгузори адабиёти классикии форсу тољик устод Абуабдуллоњ Рўдакї ва як ќатор мутаффакирони дигар Абулњасан Шањиди Балхӣ, Абушукури Балхї, Робиаи Балхї, Абулќосим Фирдавсї, Абуали ибни Сино ва дигар донишмандону олимон зиндагӣкардаанд.

«Шавоњиду-н-нубувват» асри ХV. Ин китоб аз муќаддимаву њафт рукн ва хотима иборат мебошад. Дар он рољеъ ба мафњуму маънии «набї» ва «расул», њаёт, тарзи зиндагї ва одобу атвори Муњаммад (с) – пайѓамбар Ибни Абдуллоњ (570 – 632), ањвол ва каромату фазилати пайравони ў – ањли оилааш, чањор халифаи аввал – Абубакр, Умар, Усмон ва Алї (разияллоњу анњум), дувоздањ имоми гурўњи исноашарӣ, сањобањо, тобеъин ва табаъатобеъин то табаќаи сўфия наќлу ривоятњои зиёд оварда мешавад. Муаллиф далелњо ва шавоњиди пайѓамбарии Муњаммад (с), инчунин мухолифини дини ислом ва мункирони пайѓамбари мусулмонон бањс мепардозад. А.Љомї «Шавоњиду-н-нубувват» – ро соли 1480-81 бо илтимоси Алишери Навої ва шогирдони дигараш навиштааст.

Абӯабдуллоњ Рўдакї (858-941)

Дар ин расм асосгузори адабиёти классики тољику форс Абўабдуллоњ Рўдакиро мебинед, ки ў соли 858 дар дењаи Панљрўди ноњияи Панљакенти вилояти Суѓд ба дунё омада ва дар ҳамон љо соли 941 вафот кардааст. Дар зодгоњаш савод меомўзад. Аз овони кўдакї зењни гиро, овози форам ва савти дилкаш дошта, њунари мутрибиро дар зодгоњаш аз созандагону навозандагон омўхтааст. Ў фарди закию тезфањм буда, китоби Ќуръони Каримро дар њаштсолагї њифз кардааст. Метавон тахмин намуд, ки хеле барваќт ба шеъргўї мепардозад. Барои такмили донишу њунар озими Самарќанд гардида, дар мањфили адабї, илмиву фарњангии ин шањр таълиму тарбия мегирад ва дар назди устодони забони арабї, илмњои фиќњ, риёзї, нуљум ва ѓайраро меомӯзад.

Рўдакї дар Самарќанд ба дарбори Сомониён роњ ёфта, шуњратёр мегардад. Эљодиёти Рўдакї ќариб 75 сол (аз њаштсолагї то 83 солагї) идома дошт. Ў девонњои бузург мураттаб намуд. Аввалин устоди сухан аст, ки шеъри тољикиро аз љињати бузургї тахтнишин кард, роњи рушди ояндаи онро нишон дод. Шоир ба забони ноби тољикї ашъоре офарид, ки сухансанљонро дар њайрат гузошт. Устод Рўдакї муаллифи достонњои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб», ќасидањои «Модари май», «Шикоят аз пирї», ѓазалиёту рубоиёт, ќитъаот ва дигар навъњои шеърї мебошад.

«Чор унсур»-и Бедил дастнависи соли 1703. «Чор унсур»-1703 яке аз калонтарин асарњои насрии Бедил буда, бо порчањои шеърї зиннат ёфтааст. Ин асар илова ба масъалањои фалсафа, аз хусуси мактабхонї, хотирањои давраи кўдакї, ањволи ёру рафиќ, хешовандон, муаллимон ва њамсуњбатони шоир маълумот медињад. Бедил дар атрофии чор унсур: бод, об, хок ва оташро бештар муњокима ронда, оид ба пайдоиши наботот, њайвонот ва инсон изњори аќида кардааст. Ин асар барои донистани замон, шахсият ва аќидањои фалсафии Бедил маълумоти пурбањо медињад.

Абулќосим Фирдавсї (934-1020

Ин мусаввараи Абулќосим Фирдавсї мебошад, ки солњои 934-1020 зиндагонӣ кардааст. Дар ќисми поён бошад, китоби Шоњномаи шоир мансуби асри ХIХ гузошта шудааст.

Шоњнома бузургтарин асар дар адабиёти форс-тољик ва адабиёти љањон мебошад. «Шоњнома»-и Фирдавсї пурра то замони мо расидааст. Абулќосим Фирдавсї аз љавонї ба достону ќиссањои ќадим майлу раѓбат дошт. Дўстонаш низ аз ў ба назм даровардани тамоми «Шоњнома»-ро дархост карданд. Махсусан, Абўмансур ибни Муњаммад ном дўсти бозоргонаш, ки нусхаи «Шоњномаи Абўмансурї»-ро барояш таќдим намуд, дар ин кор Фирдавсиро аз љињати моддї ва маънавї дастгирї мекард. Соли 994 Фирдавсї назми «Шоњнома»-ро ба итмом расонд. Тањрири пурраи «Шоњнома» таќрибан солњои 1010-1014 анљом пазируфтааст. Худи Фирдавсї дар «Шоњнома» ба 60 њазор байт будани асараш ишора кардааст.

Муќаддимаи «Шоњнома»-и Фирдавсї аз бобњои «Оѓози китоб» (ситоиши Офаридгори олам), «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфторњо дар офариниши олам, мардум, офтоб, моњ, «Ситоиши Паёмбар ва ёронаш», «Гуфтор андар фароњам овардани Шоњнома», «Достони Даќиќии шоир», «Гуфтор дар бунёд нињодани китоб», «Андар ситоиши султон Мањмуд» фароњам омадааст. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоњи Эронзамин (аз Ќаюмарс то Яздигурди 111) таркиб ёфтааст. Аз назари мардуми ќадим ва имрўз њамаи шоњони дар асар тасвиршуда ашхоси таърихиянд ва «Шоњнома» таърихи Эронро аз замонњои ќадим то асри 7 дар бар мегирад. Шоњномаро ба се бахш: 1) асотирї, 2) пањлавонї ва 3) таърихї метавон људо кард. Дар бахши асотирии Шоњнома якчанд шоњон-пешдодиён аз ќабилӣ: Ќаюмарс, Њушанг, Тањмурас, Љамшед, Зањњок, Фаридун ва дигарон амал менамоянд. Мањз дар замони ин шоњон љашнњои ќадимии мардуми эронинажод Сада, Наврўз ва Мењргон ба миён омаданд. Ќисми асотирии Шоњнома нисбат ба сарчашмањое, ки пеш аз Фирдавсї вуљуд доштанд, хеле мухтасар мебошад. Ќисми ќањрамонии «Шоњнома» аз шўриши Коваи оњангар шурўъ мешавад. Дар ќисми ќањрамонии «Шоњнома» Фирдавсї бештар аз њама ба эљодиёти дањанакии халќ, ќиссаву ривоятњои шифоњї, афсонањои сењрангез мурољиат намудааст.

Пас аз кушта шудани Исфандиёру Рустам, ќисми ќањрамонии «Шоњнома» – и Фирдавсї ба итмом мерасад, ва аз давраи Дорою Искандари Маќдунї ва Ашкониён ќисми сеюми он-ќисми таърихї оѓоз меёбад. Оид ба сулолаи Ашкониён дар «Шоњнома»-и Фирдавсї њамагї 22 байт оварда шудааст.

«Шоњнома»-и Фирдавсї баробари комилияти шаклу мазмун дорои ѓояњои баланду олист. Яке аз ѓояњое, ки дар «Шоњнома»-и Фирдавсї ифодаи мукаммал ёфтааст, муборизаи ду мабдаъ-Некї ва Бадї мебошад. Њам Шоњон ва њам пањлавонони «Шоњнома» мудофиаи ватанро вазифаи муќаддаси худ мешуморанд.

Њама сар ба сар тан ба куштан дињем,

Аз он бењ, ки кишвар ба душман дињем.

Шоњномаи Фирдавсї дар асрњои миёна ба арсаи байналхалќї дохил гардид. Дар миёнаи асри XIII Абулфатњи Бундории Исфањонї онро дар шакли мансур ба забони арабӣ гардонд. Аврупоиҳо бо Шоњномаи Фирдавсї дар асрњои XVIII – XIX тавасути тарљумањои лотинии У.Љонс (1774), франсави Жул Мол, немисии Ф.Гюкнерт шинос шуданд. Тарљумаи Петербург буда китобати соли 1333 мебошад. Дастнависњои дигари «Шоњнома»-и Фирдавсї (Китобаташон асрњои 16-19), ки дар аксар китобхонањои мамолики Шарќу Ѓарб мањфузанд.

    Абўалї ибни Сино (980-1037) Абўалї ибни Сино њамагї 57 сол умр дида, љараёни зиндагии ў нињоят пурмашаќќат, дар оворагї ва дарбадарї гузашт. Бо вуљуди ин мањсули илмие, ки аз ў боќї мондааст, касро ба њайрат мемонад. Њоло њам дар байни муњаќќиќони эљодиёти Абўалї ибни Сино дар бораи микдори осори ў як фикри муайяне вуљуд надорад. Маъхазњо ва муњаќќиќон миќдори осори ўро аз 64 то 456 адад номбар мекунанд. Ба њар њол њозир зиёда аз 160 асари мутафаккир мањфуз аст, ки аз соњањои гуногуни илмњои замони ў бањс мекунанд. Ибни Сино дар инкишофи илмњои фалсафа ва мантиќ, тиб, њандаса, илми њайат, набототшиносї ва дигар соњањои табиатшиносї сањми босазое гузоштааст. Аз ин рӯ ӯро олими энсиклопедист меноманд.

Абўалї ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфони тољику форс буда, бо «Донишнома», «Ишорат ва танбењот», «Китобу-н-Наљот», «Китобу-ш-Шифо» ва ѓайра номашро дар таърихи афкор фалсафии инсоният абади гардонид. Ќобилияти илмии Ибни Сино пеш аз њама дар соњаи илми тиб зуњр ёфта буд. «Ќонун-фї-т-тибб» ба муаллифи худ, Абўалї ибни Сино шўњрати љањонї овард. Дар ин асари бисёрљилда, ки дар таърихи илми тиб њамто надорад.  Халќњои Аврупо бо «Ал-Ќонун-фї-т-тибб»-и Ибни Сино њанўз дар асри 12, ваќте ин асар ба забони лотинї тарљума шуд, шинос шуданд ва ба ин восита ба комёбињои илми тибби халќњои машриќзамин роњ ёфтаанд. Дар асрњои 15-16 «Ал-Ќонун-фї-т-тибб» зиёда аз 35 маротиба гаштаю баргашта чоп мешавад. Яке аз шогирдони Шайхураис саргузашташро суол кард: Дар љавоб Ибни Сино чунин гуфт «Падарам марде аз ањли Балх буда, дар рўзгори Нўњ ибни Мансур аз он љо ба Бухоро омад ва њангоми сукунат дар яке аз дењањои Бухоро, ки онро Хармайсан гўянд ва аз дењањои бузурги он љост, ба тасарруф ва пеш бурдани корњои девон машѓул шуд. Дар наздикии он дењест, ки онро Афшана гўянд. Падарам аз њамин дења модарамро ба занї гирифта, дар он љо ватандор шуд. Ман, сипас бародарам дар он љо аз ў зода шудем. Баъд ба Бухоро кўчида омадем ва маро назди муаллими Ќуръон ва муаллими адаб гузоштанд. Чун ба дањсолагї расидам, Ќуръон ва бисёре аз адабро аз бар кардам.

Падараш – Абдуллоњ ибни Њасан ибни Алї ибни Сино.

Модараш – Ситорабону.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар асрҳои миёна нақши олимони тоҷикдар рушди илму фарҳанг ва идеологияи инсондустӣ дар кишварҳои Шарқ басоназаррас аст. Дар гушаи навбати бошад чанде аз ин бузургон инъикосгардидаанд.

Умари Хайём. Хайём дар соли 1048 дар шаҳри Нишопур ба дунё омада таҳсили ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъди чанд муддати таҳсилХайём ҳамчун олими риёзидон ва шоири рубоисарой шуҳрат пайдо кард. Хайём дар ҳудуди соли 449 ҳиҷри наздик ба соли 1070 таҳти ҳимоят васарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳтиноми «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилилҷабри валмуқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо ХоҷаНизомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдимкард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин МаликшоҳиСалҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад.

Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 1131 дар шаҳри Нишопур дорифониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғеқарор гирифтааст.

Камоли Хуҷандӣ.  Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузашта вамаълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро даршаҳрҳои  Самарқанду  Шош давом додааст. Камоли Хуҷандӣ пас азсафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш барнагашт. Вай дар Табрез зиндагии ороме ёфта ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳргузарондааст. Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангомитохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо башаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асоратуғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора баТабрез баргашт.   Аксарияти осори Камоли Хуҷандиро маҷмуи ғазалиётташкил медиҳад.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супордашуд. 

Ҳофизи Шерозӣ.  Соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибонизабардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. СабабиҲофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ваба 14 навъ онро тиловат мекард. Ҳанӯз дар вақти тифл будани Ҳофиз падари ҷавони ӯ аз олам гузашт. Аз ӯ чанд фарзанди хурдсол ятим монданд. Дар андаквақт мероси гузоштаи падари Ҳофиз тамом шуд. Бародарони ӯ ба ҷустуҷӯилуқмаи ноне ба ҳар тараф рафтанд. Ҳофиз, ки дар байни онҳо аз ҳама хурдбуд, бо модараш дар Шероз монд. Модар фарзанди худро аз хӯроку пӯшоктаъмин карда натавониста, ӯро ба дари сарватманде ба хидмат дод. Ҳофизбаъд аз чанде ба хидмати нонвоӣ ба шогирдӣ истод ва касби хамиргариропешаи худ сохт. Касби Ҳофиз хурдсол басе вазнин ва тоқатфарсо буд. Ӯ азнимаи шаб то субҳ хамир мекард ва музди ба даст овардаашро ба чаҳор ҳиссатақсим мекард; як ҳиссаи онро ба модараш медод, як ҳиссаро худаш сарфмекард ва як ҳиссаи дигарро ба мактабдор дода, рӯзона дар мактаби ӯ мехонд. Чоряки боқимондаро ба бечорагон хайр мекард.  Вафоти Ҳофиз дарсоли 1390 мелодӣ воқеъ гардидааст

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) тахминан, соли 1207 дар дар шаҳри Балх ё дар Вахши Тоҷикистон ба дунё омадааст.  Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо ӯ бо волидайни худ аз Вахш ба Балху Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан онҳо ба Қуния мекучанд, ки дар ин ҷо доираҳои гуногуни адабӣ, илмӣ ва динӣ мавҷуд буданд. Аз ҷумла: римиҳо, форсҳо, туркҳо ва амсоли инҳо, ки ҳар яке кушиш менамуд мазҳабу эътқодоти худро таблиғ намояд. Аммо Мавлоно аз сулҳи комил тарафдорӣ мекард ва мазҳабҳоро зери тозиёнаи танқид қарор намедод. Ҳамчунин, ӯ асосгузори равияи Мавлавия мебошад. Бузургтарин асари Мавлоно «Маснавии Маънавӣ»  мебошад, ки ӯ соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди асари мазкур машғул шудааст. Мавзӯи асосии «Маснавии Маънавӣ» – ро  масъалаҳои тасаввуфӣ ишғолмекунанд. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Қунияи Рум вафот кардааст.

Камоли Хуҷандӣ.  Камоли Хуҷандӣ дар соли 1321 дар шаҳри Хуҷанд дида ба ҷаҳон кушодааст. Ҷавонияш дар зодгоҳаш гузаштааст ва маълумоти ибтидоиро низ дар он ҷо омӯхтааст. Сипас таҳсили улумро дар шаҳрҳои  Самарқанду  Шош давом додааст. Камоли Хуҷандӣ пас аз сафари ҳаҷ ба Макка, дар шаҳри Табрез монд ва дигар ба зодгоҳаш бар нагашт. Вай дар Табрез ҳаёти ороме ба сар бурдааст  ва вопасин рӯзҳояшро низ дар ин шаҳр гузарондааст. Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳангоми тохтутози Тӯхтамишхон ба Табрез ҳамроҳ бо дигар асирону ғаниматҳо ба шаҳри Сарой бурда шуд ва чаҳор (ё ёздаҳ) сол дар он шаҳр монд. Асорату ғурбатро бо ёди Табрезу дӯстони табрезияш ба сар бурд ва ниҳоят дубора ба Табрез баргашт.   Аксарияти осори Камоли Хуҷандиро маҷмӯи ғазалиёт ташкил медиҳанд.

Камоли Хуҷандӣ соли 1401 дар Табрез даргузашт ва дар боғаш ба хок супорида шуд. 

Яке аз шоирон ва бузургони дигари тоҷик ин Саъдии Шерози мебошад.   Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ –  соли  1184  дар шаҳри  Шероз  дар оилаи тоҷик ба дунё омада,  дар  айёми  кӯдакӣ  аз  падар ятим мондааст. Дар ҷавонӣ ба Бағдод рафта ва дар мадрасаи  “Низомия”  таҳсили илм намудааст. Пас  аз  хатми  таҳсил  Саъдӣ ба ҷаҳонгардӣ меравад ва  ЭронАрабистон,  Осиёи ХурдМиср,  ШомХуросон,  Мовароуннаҳр  ва дигар сарзаминҳо мегардад. Дар миёнсолӣ ба зодгоҳаш бар мегардад ва дар синни 108-солагӣсоли 1292  аз олам дар мегузарад. Ӯро дар гулгашти Мусаллои Шероз ба хок месупоранд ва акнун оромгоҳи Саъдӣ зиёратгоҳи хоссу ом гардидааст. Муҳимтарин асарҳои офаридаи Саъдии Шерозӣ, ин Бустон ва Гулистон мебошанд. Дар қисмати поён бошад,  онҳо ба намоиш гузошта шудаанд, ки  асосан ҷанбаи тарбиявӣ ва ахлоқӣ дошта, хонандаро дар рӯҳияи инсондусӣ, ростқавлӣ ва адолатпарварӣ тарбия менамояд.

Абдураҳмони ҶомӣНуриддин Абдурахмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харгарди вилояти Ҷом, наздикии шаҳри Нишопур ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Ҳангоме, ки Ҷомӣ 11 – сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. Баъд аз ин Абдураҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. Абдураҳмони Ҷомӣ умри дарозу пурбараккати худро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50-соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Муҳимтарин асарҳои офаридаи Ҷомӣ “Баҳористон”, “Ҳафт авранг”,  “Фавоид-у-зиёия”,  “Шавоҳид-ун-нубуват”,  “Юусуфу Зулайхо” ва монанди инҳо мебошанд. Бархе аз ин асарҳо дар қисмати поён ба намоиш гузошта шудаанд, ки аксарияти онҳо чопи сангӣ ва дастнавис мебошанд. Асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ хусусияти панду ахлоқӣ доранд. “Нафаҳот-ул-унс” бошад, асосан дар бораи авлиёҳо ҳикоят мекунад.

Мирзо Абдулқодири Бедил шоир, насрнавис ва мутафаккири  форсизабони  Ҳиндустон, яке аз нобиғаҳои назми форс-тоҷик. Ватани гузаштагонаш Хуф (канори шаҳри Нишопур) ном мавзеи Хуросон мебошад. Тибқи маълумотҳо, силсилаи насаби Бедил ба охирин подшоҳи сулолаи музаффариёни  Форс  шоҳ  Мансур (1384-93) мерасад. Баъд аз забт  гардидани  Хуросон аз  тарафи  амир  Темур (1370—1405), авлод  ва  аҷдоди  Бедил  ба  Мовароуннаҳр  омада,  дар  ин сарзамин зиндагӣ кардаанд.  С. Айнӣ ба таркиби номи Бедил ва хешовандонаш илова гардидани калимаи «Мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Дар замонихунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон падар ва бобои Бедил, ки аз мардуми балдаи Самарқанд буданд, тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд. Гузаштагони Бедил аз сипоҳиён буданд ва Бедил низ сипоҳизода аст.  Яке аз асарҳои муҳими Бедил ин “Чор унсур” мебошад. Ҳамчунин  Бедил  дорои  “Куллиёт”  ва “Девон”-и ашъор мебошад, ки шакли дастнависи ин ду асари гаронбаҳо дар қисми поён дар намоиш гузошта шудаанд.

Зебунисо — яке аз хушнависони Ҳинд ва аз шоирони сабки ҳиндӣ дар адабиёти порсӣ ва тасаввуф аст, ки шеър мегуфт ва тахаллусаш «Махфӣ» буд. Зебуниссо духтари подшоҳи темурии Ҳинд (Ҳиндустон) Аврангзеби Оламгир ва набераи Шоҳиҷаҳон буд.  Девони ашъори Зебуниссо 4 000 байтро дар бар мегирад ки бештараш ғазал аст ва афзун бар он 7 қасида, 5 тарҷеъбанд ва як мухаммас низ эҷод кардааст.

Шамсиддин Муҳаммад Шоҳин тахминан соли 18651866 дар Бухоро ба дунё омадааст ва дар ҳамон ҷо тамоми умри худро гузаронидааст. Шамсиддин Шоҳин дар Бухоро, дар оилаи муллои камбағал таваллуд шудааст. Падари ӯМуллоамон аслан аз Хатлонзамин (Кӯлоби ҳозира) будааст ва дар вақти ҷавонӣ барои таҳсили илм тарки ватан намуда, дар Самарқанд машғули илмомузӣ гашта, баъд ба Бухоро рафта, дар ҳамон ҷо мадрасаро тамом кардааст. Баъд аз хатми мадраса дар Бухоро хонадор шуд ва чанд вақт дар яке аз мадрасаҳои он ҷо дарс ҳам гуфтааст. Шамсиддини Шоҳин ҳануз аз бачагӣ, дар хондану навиштан қобилияти фавқуллода дошт. Чунон ки худаш дертар ҳикоят мекунад, дар ҳамин мактаб, тахминан, дар ҳашт – нуҳсолагиаш ба шеър гуфтан шурӯъ намудааст. Шамсиддин Маҳдуми Шоҳин дар ҳафтсолагӣ девони Ҳофизро азёд медонист. Баъд аз хатми мактаб падари Шамсиддини Шоҳин хати хонову зебои писарашро дида, ӯро ба хидмати мирзоӣ шогирд мемонад ва Шоҳин дар ду-се сол тарзи хатнависӣ ва иншоро хуб ёд мегирад.

Мероси ӯ аз девони ғазалиёт, маснавии “Лайлӣ ва Маҷнун“, маснавии нотамоми “Тӯҳфаи дӯстон“, рисолаи “Бадоеъ-ус-саноеъ” иборат аст. Ӯ бабемории сил гирифтор мешавад ва соли 18951896 дар Қаршӣ вафот мекунад.

Дар мусаввараи гӯшаи навбати мо намунаи либосҳои ҷангиро дар асари «Темурмалик ва Ҷалолиддин», ки ба қалами яке аз асосгузорони мактаби муосири санъати рассомӣ дар Тоҷикистон Камелин Авксентий Никанорович мансуб аст, мушоҳида менамоем. Ин асар дар ибтидои солҳои 1950 эҷод шудааст ва муаллиф дар он симои ду чеҳраи барҷастаи таърихӣ – Темурмалик ва Ҷалолиддинро тасвир намудааст. Темурмалик – фарзанди фарзонаи халқи тоҷик сарвари амалиёти мудофиаи шаҳри Хуҷандро дар замони ҳуҷуми муғулҳо ба уҳда дошт. Ӯ дар замони худ яке аз шахсиятҳои донишманди соҳаи ҳарбӣ ба шумор мерафт ва дар истифодаи яроқу аслиҳаҳои ҳарбӣ маҳорати фавқуллода дошт. Темурмалик дар асар якҷоя бо Султон Ҷалолиддини Мангубердӣ писари Муҳаммади Хоразмшоҳ сарвари лашкари хоразмиён бо либосҳои ҳарбии асри XIII инъикос ёфтааст. Ҳарду персонажҳо рӯи зини аспҳои дар ҳаракатбуда қарор доранд, худи онҳо низ дар лаҳзаи даъват ба мубориза таҷассум ёфтаанд. Ин намуд услуби тасвири саҳнаи «пур аз ҳаракат» арзиши бадеӣ ва таъсири асарро дучанд кардааст.

Намунаҳои ҳунари кулолгарии асрҳои ХVI-ХVIII

Дар ин давра ашёи сафолӣ хеле зебо ва нафис сохта шуда, тариқи сир оро дода мешуданд. Зарфҳои давраи мазкур аксар дар ҳудуди Самарқанд ва атрофи он сохта мешуданд, зеро хоки ин минтақа барои зарфсозӣ басо қулай будааст. Дар ин ҷо шумо кӯзаҳои сирдор, гулдонҳо, шамъдон ва зарфҳои дигаре ба намоиш гузошта шудаанд, ки бо ҳар гуна рангҳо зебу зиннат ёфтаанд.

Намунаҳои кошинкории тоҷикон

Ин кошинҳо аз се минтақа – Душанбе, Хуҷанд ва Самарқанданд бозёфт гардидаанд.  Ниёгони мо тариқи чунин кошиҳо одатан масҷид, мадраса, мақбара ва дигар биноҳоро оро медоданд. Сараввал кошинҳо дар девор насб мегардиданд, зеро дар онҳо навиштаҷот ба мисли “Муҳаммад расулаллоҳ” ва “Алӣ валиюлоҳ” ва ғ. мушоҳида мегардад.

Ҷараёни маорифпарварии халқи тоҷик.

Ин ҷараён дар нимаи дуюми асри ХIХ дар Осиёи Миёна пайдо мешавад. Намояндагони ин мактаб пешрафти давлат ва ҷомеаро дар баланд бардоштани сатҳи илму маориф медиданд. Асосгузори маорифпарварӣ Аҳмади Дониш ба шумор меравад.

Дар расми аввал Юсуф Мирфаёзов  тасвир ёфтааст. Хоҷӣ Юсуф Мирфайёзов соли 1842, дар Хуҷанд таваллуд шуда, дар зодгоҳаш соли 1925 вафот кардааст. Олими ҷуғрофиядон, сайёҳ, харитакаш ва ситорашиноси тоҷик мебошад.   У ду маротиба (тақр.с.1854-65 ва 1875-87 ба Мака, Мадина, Афғонистон, Эрон, Сурия, Туркия, Юнон, Италия, Байтулмуқаддас, Испания, Фаронса ва бисёр шаҳрҳои Россия сафар кардааст. Ҳоҷи Юсуф бо номи «Мухтасари илми афлок ва илму-л- арз» рисолаи илмӣ-оммавӣ таълиф кардааст (с.1911), ки як нусхаи дастнависи он дар китобхонаи шуъбаи фалсафаи Академияи фанои Точикистон маҳфуз аст. Ӯ яке аз харитакашони маъруфи замонаш буд.

     Назар кунед ба глобусе, ки дар дасти Ҳ.Ю. аст. Дар рӯи глобус номи ҳамаи қитъаҳо, Уқёнусҳо ва баҳру дарёҳо инчунин, арзу тӯли замин бо ранги сурхи баланд, туши сиёҳу зардча ва бо хати настаълиқу куфӣ сабт гардидаанд.    

    Глобуси Ҳ.Ю. аз ҷиҳати астраномӣ хело мукаммал аст. Олим барои сохтани ин глобус бо шаҳодатномаи муаллифӣ ва медали ҳукумати подшоҳии Рус сарфароз гардида аст. Ин глобус соли 1886 сохта шуда, то ҳозир дар Осорхонаи таърихи маданият ва санъати ш. Самарқанд маҳфуз аст.  

«Фавоиду-з-зиёия»-и А.Ҷомӣ. асри 15. «Фавоиду-з-зиёия» китоби муфассали пурарзиш доир ба синтаксиси забони арабӣ буда, бо номҳои «Шарҳи Мулло», «Шарҳи Ҷомӣ» ва ғайра низ машҳур аст. Онро Ҷомӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф дар шарҳи «Ал-қофия фӣ-н-наҳв»-и Ибна-л-Ҳоҷиб (ваф.645/1248) ба забони арабӣ таълиф кардааст. Таърихи итмоми 11 рамазони санаи июли соли 1492 мебошад, ки марги муаллиф расо чаҳор моҳпештар аст. «Фавоиду-з-зиёия» охирин асари пурра анҷомёфтаи А.Ҷомӣ аст. Муаллиф дар он аввал ҷумлаю ибораҳои Ибн-ал-Ҳоҷибро оварда, баъд онҳоро шарҳ медиҳад ва аз онҳо натиҷаҳои фоидаовар гирифта, гуфтори худро бо иқтибоси оятҳову ҳадисҳо ва ашъори арабӣ тақвият медиҳад.

Ба «Фавоиду-з-зиёия» шарҳҳои зиёде бастаанд ва он дар мадрасаҳои Осиёи Миёна, Эрон, Ҳиндустон то Инқилоби Октябр аз китобҳои ҳатмии дарсӣ буда, дар кишварҳои арабӣ ҳануз ҳам дар истифода аст. Аз ин рӯ он дар мамлакатҳои гуногун гаштаву баргашта ба чоп расидааст.

Аҳмад Махдуми Дониш (1826-1897). Расми дигар расми Аҳмад – Махдум ибни Носир нависандаи маъруф, мутаффакири барҷаста, шоир, рассом ва хаттоти номдор, меъмор ва олими намоёни нимаи дуюми асри ХIХ, саромади ҷараёни маорифпарварии Осиёи Миёна ва бунёдгузори равияи маорифпарварии адабиёти тоҷик мебошад. Номи ӯ Аҳмад ва лақабу тахаллуси илмию адабиаш Дониш буда, ба сабаби калонии сараш ҳамзамононаш ба ӯлақаби Аҳмади Калларо низ додаанд.

Аҳмади Дониш дар оилаи Носир ном муллои камбағал таваллуд шудааст. Маълумоти ибтидоиро дар пеши модараш, ки дар хонааш барои духтарон мактаби хусусӣ дошт, гирифта, баъди касби маълумоти ибтидоӣ бо хоҳиши падараш ба дабистони қориён дохил шуд. Баъд аз он падараш ӯро ба мадраса монд, то ки писараш илмҳои маъмули замони худро касб намояд ва барои таъмини зиндагиаш ба ягон мартабае расад. Аҳмади Дониш аз хурдсолӣ хати зебо ва дар рассомиву наққошӣ истеъдоди фавқулодае дошт. Таҳсилро дар мадраса аз синни чаҳордаҳсолагӣ оғоз намудааст ва дар синни 34 солагӣ ба охир расонд. Пас аз хатми мадраса ба воситаи яке аз устодони санъаткораш ба сифати меъмор ва наққош ба хидмати дарбори амир тавсия шуд. Дар ин солҳо бо илми нуҷуми анъанавӣ (астрология) машғул мешавад ва ин илмро нағз аз худ мекунад. Ҳама илму ҳунар Аҳмади Донишро назди аҳли дарбор ва шахсан амир Насруллоҳ соҳиби обрӯю мартабае гардонид. Амир Насруллоҳ соли 1857 ба Петербург ҳайати сафорате равона кард ва ба ин ҳайат худаш шахсан Аҳмади Донишро ба сифати мирзо (котиб) дохил намуд ва дар баробари ин таъкид намуд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии Рассияро нағзтар омӯзад ва натиҷаи мушоҳидаҳои худро ба амир арз намояд. Ин сафар доираи ҷаҳонбинии Аҳмади Донишро хеле васеъ кард. Натанҳо дар музокира ва боздидҳои расмии дипломатӣ иштирок кард, балки бо чандин муассисаҳои илмию маданӣ, марказҳои санъату ҳунари Петербург шинос шуд.

Дар миёнаҳои соли 1858 Аҳмади Дониш бо ҳайати сафорат ба Бухоро баргашт ва дар бораи пешрафтҳои ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва мадании Рассия ба амир ва аҳли дарбор ахбороти тоза ва ибратбахш арз намуд. Аммо ин ахборот ба тарзу усули мамлакатдорӣ ва идораи давлат таъсире накард. Баъди ин мусофиратҳо машғули корҳои дарборӣ ва ба навиштани китоби «Манозиру-л-кавокиб» («Ҷойгоҳи ситораҳо») таълиф намуда, ба амир Музаффар мебахшад.

Солҳои 1866-68 ҳангоме, ки дар байни Руссияи подшоҳӣ ва хониҳои Бухорову Қуқанд низоъи ҳарбӣ ба вуҷуд омад, Аҳмади Дониш бо ҳамфикрони худ кӯшиши зиёде кард, ки ин низоъ бо роҳи сулҳу осоиш ҳал карда шавад ва дар байни Руссияву Бухоро муносибатҳои дӯстона барқарор гардад. Вале ин пешниҳод қабул нашуд, баъди он ки мағлубият насиби Бухоро шуд, амир тарафдорони сулҳро даъват намуда, бо Руссия созиш мекунад. Дар солҳои 1869-70 Амир Аҳмади Донишро ба ҳайати сафорати худ ба сифати котиби аввал дохил карда, ба Петербург мефиристад. Дар ин сафар Аҳмади Дониш ҳамчун як сиёсатмадор ва ходими намоён хирадманди давлатӣ гардид. Обрӯю  нуфузи ӯ ҳам дар доираҳои расмӣ ва ҳам дар байни аҳли илму дониши Петербург хеле афзуд. Пас аз бозгашт аз Петербург амир Музаффар дар ивази хидматҳои шоистаи Аҳмади Дониш дар сафорати Бухоро ба ӯ унвони фахрии илмии дарбор «Ӯроқ»-ро дод, ва даъват ба ҳамкорӣ кард. Солҳои 1870-73 асаре бо номи «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном гузошт. Дар ин рисола тартиботи вазорат ва маҷлиси машваратӣ (парламент)-ро дар идораи давлат зарур шуморид. Ғайр аз ин қонуну қоидҳои иҷтимоӣ мебоист ҳуқуқи Амирро ҳамчун ҳокими мутлақ маҳдуд намояд. Ин пешниҳод сабаб шуд, ки баъди бозгашт аз сафри сеюм, ки охири соли 1873 ва авали соли 1874, ба вуқуъ пайваста буд Амир Аҳмади Донишро аз дарбор дур кунад. Дар муддати 5-6 сол аввал дар Ғузор ва баъд дар Наҳрпай қозӣ таъин кард. Пас аз он ки Аҳмади Дониш аз корҳои давлат ва хидмати дарбор фориғ шуд, тамоми қувват ва вақти худро сарфи корҳои илмию эҷодӣ намуд. Вай дар муддати қариб понздаҳ сол «Наводир-ул-вақоеъ» – ро навишта ба охир расонид. Соли 1885, пас аз вафоти амир Музаффар, Аҳмади Дониш ба Бухоро боз мегардад.

Амири нав Абдулаҳад ӯро китобдори яке аз мадрасаҳои Бухоро таъин мекунад. Аҳмади Дониш дар Бухоро машғулияти илмию адабии худро давом дод. Дар ин солҳо чанд рисолае дар илми нуҷум ва ҳайъат низ таълиф намуда, нақшаи (харитаи) шаҳри Бухороро низ тартиб дод. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тамоми диққат ва дидаи таҳқиқи ӯ ба эҳтиёҷ ва рафти ҷараёни воқеаҳои иҷтимоии он давр нигаронида шуда буд. А. Дониш ба хулосае омада буд, ки сохти аморати Бухороро низ танҳо ба воситаи тамоман барҳам додани асосҳои иҷтимоии он тағйир додан мумкин аст. Аҳмади Дониш ин фикру ақидаҳои худро дар рисолае, ки дар ду-се соли охири ҳаёти худ таълиф намуда, онро ба охир расонида натавониста буд, хеле равшан ва муфассал баён намудааст. Дар он рисола, ки ба номи шартии «Рисолаи таърихӣ» машҳур шудааст, таърихи садсолаи ҳукмронии сулолаи Манғитияро таҳлил ва таҳқиқ мекунад. Инчунин,  соли 1894 барои рақибони ғоявии худ «Меъёру-т-тадайюн» таълиф намуд ва дар охири моҳи марти соли 1897 ин ҷаҳони фониро падруд гуфт.

«Зинат-ул-маҷолис»-и Маҷиддини Муҳаммад Ал-Ҳусайнӣ дар асри 16 (соли 1250) дастнавис шудааст. Китоби «Зинат-ул-маҷолис» аз китобҳои: «Ҷамиъ-ул-ҳикоёт»-и Авфии Бухороӣ, «Нуҳзат-ул-қулуб»-и Ҳамидуллоҳи Муставфии Қазвинӣ, «Ҳабиб-ус-сияр»-и Ғиёсиддин ибну-л-Ҳумом машҳур ба Хованмир, «Равзат-ус-сафо»-и Муҳаммад ибни Ховандшоҳ машҳур ба Мирхонд, «Кашф-ул-ғумма»-и Алӣ ибни Исо, «Таърихи Абӯҳанифаи Диноварӣ», «Таърихи ибни Халакон», «Таърихи ал-маноҳиҷ»-и Ҳасани Сабзаворӣ ва «Нигористон» – и Қозӣ Аҳмади Ғаффорӣ ва «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва «Фароҳ баъд-уш-шиддат»-и Абӯмиҷон имом Юфаӣ ва «Таърихи Ҳофизи Абрӯ» гирд оварда шудааст, ки муштамил бар даҳ ҷузв аст ва ҳар ҷузв даҳ фасл аст.

Тошхӯҷа фарзанди Эшонхӯҷаи Хуҷандӣ соли 1864 дар маҳаллаи Сангбуррони шаҳри Хуҷанд дар оилаи косиб по ба арсаи вуҷуд мениҳад. Аз синни чаҳорсолагӣ ба саводомӯзӣ шурӯъ мекунад. Ӯ дар назди хаттоти машҳури Хуҷандӣ Мир Салими муҳркан машқи хат карда, ин ҳунарро ба осонӣ соҳиб мешавад. Тошхӯҷа Асирии Хуҷандӣ пас аз касби маълумоти муқаддамотӣ ба мадрасаи «Шоҳ»-и шаҳри Хуҷанд дохил шуда, таҳсилро идома медиҳад. Баъдан бо мақсади такмили дониш ба шаҳри Хуқанд, ки яке аз марказҳои сиёсӣ ва илмии води Фарғонаи нимаи дувуми асри 19 буд, меравад ва дар он ҷо ҳашт сол дар мадрасаи «Хоним» таҳили илм мекунад.

Пас аз хатми мадраса Асирӣ ба зодгоҳи худ-Хуҷанд бар мегардад.

Тошхӯҷа Асирии Хуҷандӣ тарғиботгари фаъоли маориф буд. Ӯмуътақид буд, ки ба воситаи илм ва дониш мардумро аз зулму асорат, аз ҷаҳлу ҷаҳолат наҷот бахшидан имконпазир аст. Барои наҷоти миллат ва маданиятнок шудани халқ ӯ чунин шартҳоро ба миён гузошта буд:

1.Макотибҳои нав эҷод кардан,

2.Раҳи дарси ҷадид иршод кардан,

3.Сари кори дигар бояд гирифтан,

4.Ба роҳи тоза бояд пеш рафтан.

Тошхӯҷа Асирии Хуҷандӣ шоири халқӣ буд. Ӯ шоир инсондӯст буд ин маънӣ дар маснавии «Тимсол» ва шеъри машҳури вай «Одамият чист?» хеле хуб акс ёфтааст. Тошхӯҷа Асирии Хуҷандӣ 3 марти соли 1915 вафот мекунад. Қабри Тошхӯҷа Асирии Хуҷандӣ дар мазори шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣаст.

Одамият чист, худро дур аз шар доштан,

Хайрхоҳи халқ будан нафъи бе зар доштан.

Аз сафо оина бастан хонаи дилро мудом,

В-аз чароғи сидқ хотирро мунаввар доштан.

Мирхонд – Муҳаммад ибни Ховандшоҳ ибни Маҳмуд (1433, Балх – 22.06.1498 Ҳирот), муаррихи асри XV форс-тоҷик. Падараш Бурҳониддин Хованшоҳ аз сайидони Бухоро буда, баъдтар ба Балх мекӯчад. Зиндагии Мирхонд дар Ҳирот, ки он вақт яке аз марказҳои калонтарини илмию маданӣбуд, ҷараён ёфтааст. Ӯ дар доираи адабӣ, ки ба он Алишер Навоӣ сарварӣмекард, иштирок дошта, намояндаи мактаби илмии таърихшиносии форс-тоҷик дар дарбори Темуриёни Ҳирот буд. Ӯ бо супориш ва таклифи Навоӣасари худ «Равзат-ус-сафо фӣ сират-ил-анбиё ва –л-мулук ва-л-хулафо»-ро навиштааст, ки ба таърихи пайғамбарон, сулолаҳо, подшоҳон ва халифагон бахшида шудааст. Асар аз 7 ҷилд иборат буда, 6-ҷилдаш ба қалами Мирхонд тааллуқ дорад. Ҷилди 7 ва хотимаи асарро, ки ҷилди 8-ум низ меноманд, набераи ӯ-Ховандмир ба итмом расонидааст.


3D Tour