Ифтитоҳи намоиши «Симои зан дар эҷодиёти рассомони …

Ифтитоҳи намоиши «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин»  дар Осорхонаи миллӣ

   Имрӯз 24.06.2024 дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши муштараки асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин таҳти унвони  «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» ифтитоҳ гардид.

        Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллӣ Иброҳимзода Зафаршо Сафо, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин суханронӣ намуданд.

        Ҳамзамон, дар намоиш намояндагони аҳли санъату ҳунари ҳарду кишвар ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

        Баромадкунандагон роҷеъ ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зери сиёсати фарҳангпарваронаи сарони ҳарду кишварҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин андешаронӣ намуданд.

        Дар намоиш 50 адад мусаввараҳои рассомони Тоҷикистон, 21 адад мусаввара ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба маърази тамошобинон гузошта шуданд. Осори ҳунарии пешниҳодгардида, ҳамагӣ таҷассумгари мақому манзалат ва иффату покдамании зан дар ҷомеа мебошанд.