Толори дуюми ошёнаи якум ба фарҳанги то исломӣ бахшида шуда, бозёфтҳои таърихӣ аз қабили устухондонҳо ба намоиш гузошта шудаанд. Дар толор оиди китоби Авесто, тақвими зардуштӣ, ҷашнҳои миллии тоҷикон аз қабили Сада, Наврӯз ва Меҳргон маълумот пайдо намудан мумкин аст.
Толори чорум бо нигораҳои арзишманди худ доир ба сулолаҳои Сосониён ва Ҳайтолиён муфассал маълумот медиҳад. Вожаи ҳайтол дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон дар шакли яфтал ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор дорад. Як давраи муҳими сиёсии давраи Ҳайтолиён инмарҳилаи муборизаи мардуми тоҷик барои истиқлолият мебошад. Мусаввараи шоҳи Ҳайтолиён - Хушнавозро дар ин толор дидан мумкин аст.
Толори ҳаштум ба ҳунарҳои хатнигорӣ, хушнависӣ ва ёдгориҳои эпиграфӣ бахшида шудааст. Намунаи хатти хушнависи машҳури қарни ХIХ-ХХ-и тоҷик Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ дар ин толор пешниҳоди тамошобинон мегардад. Ҳамзамон дар ин толор табақҳои мармарӣ бо намунаи хушнависӣ, инчунин ашёҳои фулузии мансуби асри ХIХ ва ХХ ба тамошо гузошта шудаанд.
Толори нуҳум толори охирини шуъба ба санъати сиккасозӣ бахшида шуда, тамошобинон имкон доранд бо намунаҳои сиккаҳои аҳди юнону бохтарӣ (асрҳои II-III то м.), кушонӣ (асрҳои II то м.-IV-и милодӣ), сосонӣ (асрҳои III-VII), бухорхудотӣ (асрҳои VII-VIII), сомонӣ (асрҳои IХ-Х), қарахонӣ (асри ХI), чағатоӣ (асрҳои ХII-ХIII), темурӣ (асрҳои ХIV-ХV), манғитӣ (асри ХIХ), намунаи пулҳои коғазии охири асри ХIХ аввали асри ХХ ва сиккаҳои ҷашнии замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шаванд.