(+992 37) 227-15-08 (+992 37) 227-86-47
museumtj@rambler.ru
Дш Як 08:00-19:00
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Menu
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон бояд ифтихори миллии ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷик бошад. Э. Раҳмон
Ҷустуҷӯ.
Шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалӣ
Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих, ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ - ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд. Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 -и асри ХХ оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос менамояд.
Дар толори дуюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон намунаҳои ҳунари кандакории болои чӯб ба маърази тамошо гузошта шудааст.
Тамошобин дар ин ҷо метавонанд бо офридаҳои кандакори машҳури тоҷик Сироҷиддин Нуриддинов шинос гарданд. Симои Абдураҳмони Ҷомӣ, Абуалӣ Ибни Сино аз беҳтарин шоҳкориҳои муаллифанд. Дар толори сеюми шуъба асарҳои муаллифоне ба маърази тамошо гузошта шудаанд, ки эшон дар ташаккули мактаби рассомии миллии солҳои 70 - уми асри ХХ-и Ҷумҳурии Тоҷикитсон саҳмгузорӣ намудаанд. Вобаста ба ин мавзуъ асарҳои З. Н. Ҳабибуллоев, Р. Абдурашидов, Х. Хушвахтов, В. Назаров С. Шарипов, Б. Наимов, З. Довутов дар намоиш гузошта шудаанд.
Толори чоруми шуъба санъати тасвирӣ ва амалӣ ба ҳунари кундалкорӣ бахшида шудааст. Намунаи чунин ҳунари мардумӣ танҳо дар Тоҷикистон ривоҷ ёфта, поягузорони ин соҳа Мирзораҳмат Олимов ва Кароматулло Ғаюров ба ҳисоб мераванд.
Дар шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври махсус толор барои ташкил намудани намоишҳои муваққатӣ пешбинӣ шудааст, ки дар он намоишҳои гунонуни ватанӣ ва бурунмарзӣ баргузор мегардад.