Дш Як 08:00-19:00

Шуъбаи таърихи нав ва навтарин

Шуъбаи таърихи нав ва навтарин. Дар толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхона ёдгориҳо ва экспонатҳо оид ба ҳаёти Тоҷикистони замони Иттиҳоди Шуравӣ ( солҳои 1917-1991) маҳфуз буда, оид ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҶангиБузурги Ватанӣ (1941-1945) маълумот медиҳанд. Ҳамзамон дар ин шӯъба дастовардҳои замони истиқлол, аз қабили сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва бунёди иншоотҳои замонавӣ тавассути экспонатҳо инъикос гаштаанд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд, ки дар он ҳадяҳои ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсиятҳои гуногуни ҷаҳонӣ эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шудаанд.