(+992 37) 227-15-08 (+992 37) 227-86-47
museumtj@rambler.ru
Дш Як 08:00-18:00
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Menu
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон бояд ифтихори миллии ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷик бошад. Э. Раҳмон
Ҷустуҷӯ.
ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “АСАРҲОИ РАССОМОНИ РУС АЗ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН”
23 июн 2022 14:23
Рӯзи 23.06.2022 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори 30 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” ифтитоҳ гардид.
Дар ифтитоҳи намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, ҲХДТ дар ш. Душанбе, сафоратхонаҳои муқими шаҳри Душанбе: Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озорбойҷон, Покистон, Фаластин, Афғонистон, Ҳиндустон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, ширкати “Мегафон Тоҷикистон” ва дигар ҳаводорони санъату ҳунари рассомӣ иштирок намуданд.
Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо дар суханронии хеш зикр намуданд, ки ҳадаф аз баргузор намудани намоиш инъикос намудани робитаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия буда, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои фароғати фарҳангӣ, тарбияи маънавӣ ва баланд бардоштани завқи зебоипарастии аҳли ҷомеа мебошад.
Дар намоиш 62 адад мусаввараҳои 50 рассомони рус аз қабили офаридаҳои И.К. Айвазовский, А.А. Дейнека, А.К. Саврасов, Б.М. Кустодиев, В.А. Серов, В.Е. Маковский, И.Н. Крамской, И.Э. Грабар, И.Е. Репин, И.И. Левитан, П.С. Шилтсов, В.И. Суриков, И.И. Шишкин, Ю.И. Пименов, Ю.П. Кугач ва дигарон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мусаввараҳои дар намоиш пешниҳод гардида, тамошобинонро бо сабки хоссаи ҳар як нафар рассом, ҷаҳони тахаюлот ва рангини рассомӣ ворид намуда, аз табиат, фарҳанг, урфу одат, анъана ва дигар паҳлуҳои ҳаёти кишвари рус дар давраҳои мухталифи таърихӣ қисса мекунанд. Намоиши “Асарҳои рассомони рус аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон” то рӯзи 23-августи соли 2022 идома меёбад. Марҳабо ба намоиш.
АКСҲО: Осорхонаи миллӣ