(+992 37) 227-15-08 (+992 37) 227-86-47
museumtj@rambler.ru
Дш Як 08:00-18:00
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Menu
АСОСӢ
ОИДИ ОСОРХОНА
Роҳбарияти Осорхона
Директор
Муовинони директор
Таърихи Осорхона
Сохтори Осорхона
Қоидаҳои рафтори тамошобинон дар Осорхона
ТОЛОРҲО
Шуъбаи табиат
Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна ва
Шуъбаи таърихи нав ва навтарин
Шуъбаи санъати тасвир ва амалӣӣ
МЕҲМОНОН
НАРХНОМА
ЭЛОНҲО
Чорабинӣ
Намоишҳо
Вазифаҳои холӣ
Осорхонаи миллии Тоҷикистон бояд ифтихори миллии ҳар як фарзанди бонангу номуси тоҷик бошад. Э. Раҳмон
Ҷустуҷӯ.
ИФТИТОҲИ НАМОИШ ТАҲТИ УНВОНИ “МАНЗАРАНИГОР”
16 июн 2022 14:54
Рӯзи 16.06.2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои суратгири машҳури тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Ёров бахшида ба ҷашни 25 солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони «Ваҳдатнигор» ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе аз қабили Олмон, Эрон, Россия, Покистон, Фаластин, ҳунармандону аккосони шинохтаи кишвар ва донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни суханронии хеш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо зикр намуданд, ки Ваҳдати миллӣ омили пешрафти Тоҷикистони азиз ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷаъмию хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон буда, дар аксҳои ба тамошо пешниҳод гардида дастовардҳои соҳаҳҳои мухталифи кишвар дар давоми 25-соли Ваҳдати миллӣ инъикос шудаанд.
Дар намоиш 160 адад аксҳои солҳои гуногун аккосӣ намудаи Шӯҳратҷон Ёров пешниҳод шудаанд, ки доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми шарифи тоҷик қисса мекунанд. Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик, нақши басо бузургро иҷро кард.
Ваҳдат – омили асосии сарҷаъмии миллат буда, аксҳои суратгир Шӯҳратҷон Ёров байёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон, табиати нотакрори Тоҷикистон, ёдгориҳои таърихии сарзамини бостонӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик, ки солҳои соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушд намудаанд ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст.
Намоиши «Ваҳдатнигор» то санаи 1.07.2022 идома меёбад.
АКСҲО: Осорхонаи миллӣ