Дш Як 08:00-18:00

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ “ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ” ИБОДУЛЛОЗОДА АҲЛИДДИН БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО

Ҳамватанони азиз ва ҳамкасбони арҷманд!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳо таманно менамоям. Осорхонаҳо ҳамчун оинаи таърих нақши арзишманд дошта, онҳо бахши қобили таваҷҷуҳи ҳофизаи таърихии инсоният маҳсуб меёбанд.
Хусусан кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон барои ҳифз намудани ёдгориҳо ва мероси ниёгони хеш чораҳои зарурии саривақтӣ андешидаанд, ки яке аз ин роҳҳо бунёди осорхонаҳо мебошанд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати дурандешонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулњу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи фарҳанги кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки инро мо бевосита дар рушди фаъолияти осорхонаҳои кишвар мушоҳида менамоем.
Махсусан дар замони Истиқлолияти давлатӣ самтҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо дар кишвар муайян шуда, нақш ва мақоми онҳо ҳамчун марказҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ дар қонунгузории кишвар мушаххас гардиданд.
Ҳамчунин маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ташкили осорхонаҳо - ҳамчун маҳзани ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо таваҷҷӯҳи бештар равона карда шуд. Дар ин раванд бунёди даҳҳо осорхонаҳо дар шаҳру ноҳияи гуногуни кишвар гувоҳи ин ҳарфҳо мебошанд.
Имрӯзҳо Осорхонаи миллӣ дар самти муаррифии таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик ба сокинон ва меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе – яке аз муҳимтарин муасисаҳо маҳсуб меёбад. Зеро дар ин макони муқаддас ёдгориҳои муҳими аҳамияти илмӣ ва таърихидоштаи ниёгони миллати тоҷик ҷамъоварӣ, ҳифз, тармиму таҳким, таҳқиқ ва муаррифӣ мегарданд.
Мехоҳам ин ҷо ёдовар шавам, ки нақши Осорхонаи миллӣ дар таҳияи нақшаи мавзӯӣ, ташкили экспозитсияи осорхонаҳои навбунёди кишвар ва расонидани кумакҳои илмӣ-методӣ ба онҳо назаррас мебошад. Инчунин Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ дар азхуднамоӣ ва амалӣ намудани самтҳои ҷадиди фаъолияти осорхонавӣ дар кишвар нақши муассир дорад.
Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ҳамчун яке аз муҳимтарин муассисаҳои фарҳангӣ дар кишвар, дар ҷодаи фароҳам овардани шароити мусоид баҳри фароғати фарҳангии сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе нақши муассир дорад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки намоишу чорабиниҳои шаклан мухталифро ташкил ва баргузор намоянд. Яке аз чунин чорабиниҳо иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” буда, ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо баргузор карда мешавад. Ин чорабинӣ дар аксарияти кишварҳои ҷаҳон таҷлил гардида, дар ин шаб бисёре аз осорхонаҳо пас аз ғуруби офтоб то нисфи шаб дарҳои худро барои тамошобинон боз менамоянд. Мақсади асосии ин иқдом - нишон додани захира, имконот, иқтидори осорхонаҳои муосир ва ҷалби тамошобинон ба осорхонаҳо мебошад.
Ин иқдом дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баъд аз ифтитоҳи бинои нави он тибқи анъанаи касбӣ баргузор шудааст. Имсол бори нуҳум аст, ки дар Осорхонаи миллӣ ин чорабинии байналмилалӣ дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор мегардад. Инчунин Осорхонаи миллӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда, ҳамеша кӯшиш менамояд, ки барномаҳои солҳои қаблиро иваз намуда, барномаҳои ҷадид пешниҳоди тамошобинон намояд.
Дар доираи чорабинии имсола 18 барнома пешниҳоди қишрҳои гуногуни ҷомеа гардонида мешавад, ки ҳар як тамошобин имкон дорад, вобаста ба завқ ва хоҳиши худ барномае пайдо намояд.
Яке аз ҳадафҳои дигари иқдоми баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатии чорабинии «Шабе дар Осорхона» дар Осорхонаи миллӣ ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба таъриху фарҳанги кишвар, боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон маҳсуб меёбад.

АКС: Дидор Саъдуллоев