БОЗ ЯК ҚАДАМ БА ПЕШ!!!
Имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари азизамон ба яке аз марказҳои бонуфузтарини ҷаҳон “Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ” (ИККРОМ) аъзо гардид.
Шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ИККРОМ имкон медиҳад, ки мутахассисони ҷавони соҳаи осорхонашиносӣ аз ҷумла тармимгарону таҳкимгарон, бостоншиносон, дизайнерон ва дигар бахшҳои ин соҳа дар курсҳои кӯтоҳмуддати он иштирок намуда, донишу таҷрибаи тахассусии хешро мукаммал гардонанд.
Бояд зикр намуд, ки самти аввалиндараҷаи фаъолияти Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ИККРОМ) - ин омӯзиш, таҳқиқ ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ мебошад.
ИККРОМ ҳамасола зиёда аз 20 курсҳои омӯзишӣ баргузор карда, ҳамаи хароҷотҳоро аз ҳисоби худ пардохт менамояд. Инчунин марказ дорои калонтарин китобхонаи электронии соҳаи осорхонашиносӣ буда, ҳамаи донишҷӯёну мутахассисон ва олимони соҳаи мазкур метавонанд аз он ба пуррагӣ истифода намоянд. Зимнан, то ба имрӯз 137 кишвари олам аъзои ИККРОМ гардидаанд. Дар робита ба ин, Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама аз номи худ ва аз номи кулли мутахассисони соҳа минатдории самимии хешро ба Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста ва руҳбаландкунандаашон мерасонад.