Ҳафтоду се сол муқаддам ҳаёти мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравиро, ки Тоҷикистон
низ ба он шомил буд, ҳамлаи ногаҳонии душман ба ташвиш андохт. Аммо иродаи қавӣ
ва номусӣ ҳифзи Ватан ба мардуми Иттиҳод ғалабаро ҳадя намуд ва ин ғалаба дар
саҳифаи таърих то имрӯз варақгардон мешавад.